Амнияти иттилоотӣ

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» хизматрасониҳо ва роҳҳалҳои маҷмуии таъмини амнияти иттилоотиро барои ҳифзи системаҳои корпоративӣ ва идоравӣ, новобаста аз мақсад ва сатҳи душвории онҳо, пешниҳод мекунад. Дар фаъолияти худ дар ин соҳа ширкат ба меъёрҳо ва усулҳои ҷаҳонӣ такя мекунад.

Ҳамчун шарики истеҳсолкунандагони пештози маҳсулот барои амнияти иттилоотӣ, ҶДММ «ҶАДИД ИТ» вобаста аз хусусиёти соҳавӣ ва мақсадҳои муштариён доираи васеи роҳҳалҳоро тарҳрезӣ ва татбиқ менамояд.

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» дорои ҳама гуна иҷозатномаҳои зарурӣ барои фаъолият дар соҳаи амнияти иттилоотӣ (аз он ҷумла сирри давлатӣ) мебошад ва дар татбиқи лоиҳаҳои мураккаб барои созмонҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ таҷрибаи зиёд дорад.

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» диққати махсусро ба масоили дастгирии лоиҳаҳои татбиқкардаи худ дар марҳилаи истифодабарии онҳо, инчунин рушд ва навсозии системаҳои амнияти иттилоотӣ мутобиқи талаботи муштарӣ, равона мекунад.

    Хизматрасониҳои асосӣ ва роҳҳалҳо дар бахши амнияти иттилоотӣ:

  • Аудити амнияти иттилоотӣ
  • Машварат дар соҳаи стандартҳои байналмилалии амнияти иттилоотӣ
  • Арзёбии хатарҳо ба амнияти иттилоотӣ
  • Назорати (таҳлили) бехатарӣ
  • Арзёбии василавии сатҳи бехатарии системаҳои иттилоотӣ (аудити фаъол)
  • Сертификатсия аз рӯи талаботи амнияти иттилоотӣ
  • Таъсиси системаи маҷмуии амнияти иттилоотӣ
  • Муҳофизати веб-замимаҳо
  • Муҳофизати периметри шабака
  • Ҳимояи криптографии каналҳои алоқа
  • Муҳофизати базаи маълумотҳо
  • Муҳофизати ҳаракати почтаи электронӣ ва веб-трафик
  • Муҳофизат аз ҳамлаҳои DOS/DDoS
  • Муҳофизати зидди вирусҳо
  • Муҳофизати системаҳои иттилоотии давлатӣ
  • Муҳофизати маълумоти шахсӣ
  • Муҳофизати иншооти муҳим ва саноатӣ
  • Идоракунии дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои шабака
  • Идоракунии истифодабарандагони имтиёзнок
  • Системаи аутентификатсияи бисёрҷанба
  • Системаи мутамаркази назорат ва идоракунии чорабиниҳои амнияти иттилоотӣ
  • Муҳофизати маълумот дар системаҳои пардохтии миллӣ