Марказҳои коркарди маълумот

Самтҳои асосии фаъолияти «ҶАДИД ИТ» лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди марказҳои коркарди маълумот (МКМ), инчунин беҳсозӣ ва дастгирии онҳоро дар бар мегирад. Касбияти баланд ва таҷрибаи бисёрсолаи мутахассисони ҶДММ «ҶАДИД ИТ» имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мураккаб ба таври комил омода ва ба муштариён супурда шаванд: аз аудит ва интихоби роҳҳои ҳалли тарҳ мутобиқи талаботи муштарӣ шуруъ карда, то ба татбиқ, дастгирии техникӣ ва рушди инфрасохтори техникӣ ва компютерии марказҳои маълумот.

Таҳия ва татбиқи системаҳои дастгирии МКМ на танҳо дар чорчуби лоиҳаҳои ҳамгироишудаи мураккаб, балки ҳамчун хизматрасонии алоҳида пешниҳод карда мешавад, масалан, ҳамчун як қисми корҳои муҷаҳҳазгардонии утоқҳои серверӣ бо инфрасохторҳои техникӣ. Корҳо оид ба тарҳрезӣ ва ҷорисозии системаҳои компютерӣ низ метавонад ба сифати хизматрасонии алоҳида анҷом дода шавад. Сатҳи баланди лоиҳаҳои ҶДММ «ҶАДИД ИТ»-ро ҳамкории стратегӣ бо истеҳсолкунандагони пештози таҷҳизот, истифода аз фанноварияҳои беҳтарин дар ҷаҳон ва лоиҳаҳои фанноварии худи ширкат таъмин месозад.

    Хизматрасониҳо ва роҳҳалҳои асосӣ дар бахши таҳияи МКМ:

  • МКМ-и модулӣ «ТИ ЭКИПАЖ»
  • Утоқи модулии муҳофизати физикӣ
  • Мини-МКМ-и модулӣ (сейфҳои муҳофизатӣ)
  • Аудит ва таҳияи консепсияи техникии МКМ
  • Идоракунии лоиҳа
  • Тарроҳии системаҳои ТИ ва техникӣ
  • Моделсозии 3D ва CFD)
  • Модели иттилоотии бино (BIM)
  • Таъмин намудани таҷҳизот, мавод ва нармафзор
  • Сохтмон
  • Ба истифода додан
  • Сертификатсияи МКМ мутобиқи таснифоти Uptime Institute
  • Дастгирии системавии мунтазами ТИ-системаҳо