Таҳияи нармафзорҳо

Мутахассисон ҶДММ «ҶАДИД ИТ» таҷрибаи бисёрсолаи таҳияи нармафзорҳо ва донишу малакаи пешқадами технологӣ дар самти тавлид, ҳамгиросозӣ, беҳсозӣ ва мутобиқгардонии барономаҳо барои тамоми соҳаҳои бизнесро доранд.

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» тамоми марҳилаҳои кор, аз ҷамъоварӣ ва таҳлили талаботи бизнес ва сохтани консепсияи нармафзорҳо шуруъ намуда, то омодасозӣ, озмоиш, татбиқкунӣ ва дастгирии пурраи кори нармафзорҳоро амалӣ мекунад.

  • Хизматрасониҳои асосӣ ва роҳҳалҳо дар бахши таҳияи нармафзорҳо:
  • Таҳияи консепсияи системаи барномаҳо, ташаккули талабот барои системаҳои нармафзор
  • Таъсиси системаҳои нармафзорҳо ва комплексҳо
  • Беҳсозӣ ва мутобиқгардонии системаҳои нармафзори муштарӣ
  • Аутсорсинги нармафзорҳо, озмоиш ва дастгирии онҳо
  • Ҳалли маҷмуии назорат ва таъмини сифати барномаҳо
  • Автоматикунонии санҷиши функсионалӣ ва тавоноӣ

Стратегияи ТИ-и худро бознигарӣ кунед

Роҳҳалҳои ҶДММ «ҶАДИД ИТ» барои рушд стратегияи ТИ ба шумо имконияти медиҳад, ки бо ТИ-роҳҳалҳои муосири инфрасохторӣ ошно шавед, самаранокии онҳоро баҳогузорӣ кунед ва имконияти истифодаи онҳо дар фаъолияти ширкати худро пешбинӣ кунед. Роҳҳалҳои ҶДММ «ҶАДИД ИТ» инфрасохтори ТИ-и шуморо беҳтар месозад ва онро то ҳадди аксар ба вазифаҳои ширкати шумо наздиктар мекунад. Ин дар навбати худ барои ноил шудан ба мақсадҳо дар муддати кӯтоҳ замина фароҳам мекунад.

Роҳҳалҳои маҷмуии ҶДММ «ҶАДИД ИТ» ва татбиқи онҳо дар фаъолияти ширкат, як шарти зарурии рақобатпазирии он мебошад. Роҳҳалҳои мо тамоми ҷанбаҳои бунёди ТИ-сохтори бизнеси шуморо фаро мегирад ва барои баланд бардоштани даромаднокӣ ва самаранокии он замина фароҳам мекунад.

Технологияҳои иттилоотиро барои ноил гардидан ба мақсадҳои корӣ истифода кунед

Мақсади мо расонидани кумак ба шумо барои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти шумо мебошад. Мо ба шумо кумак мекунем, то ки аз сармоягузориҳои худ дар соҳаи рушди ТИ манфиат ба даст биёред. Барои ин мо вазифаи асосӣ, яъне беҳсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии бизнеси шуморо риоя мекунем.

Ҷараёни ҳамгироисозии роҳҳалҳо аз лаҳзаи омода сохтани пешниҳодоти тиҷоратӣ то замони иҷрои онҳоро ҶДММ «ҶАДИД ИТ» бо истифода аз равандҳо ва технологияҳои мушаххас таъмин мекунад, ки ҳадафи онҳо назорати сифат, таъмини истифодаи самараноки захираҳои ва кам кардани хароҷоти татбиқи лоиҳаҳо мебошад.

Сифати баланди хизматрасонӣ бо истифода аз заминаи нодири техникӣ ва технологияҳои пешқадами ташкили кор мутобиқи меъёрҳои байналмилалии ITIL таъмин карда мешавад.