Инфрасохтори муҳандисӣ

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» ҳангоми сохтани инфрасохторҳои муҳандисӣ аз равиши ҳамаҷониба истифода мекунад ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи баланди эътимоднокӣ ва бехатарии роҳҳалҳо, тағйирпазирӣ, мутобиқшавӣ ва имкони вусъатдиҳии системаҳои муҳандисӣ мувофиқи талаботи ширкати муштарӣ, инчунин паст кардани хавфҳои вобаста ба коршоямии таҷҳизот таъмин карда шавад.

ҶДММ «ҶАДИД ИТ» хизматрасониҳо оиди сохтмони системаҳои муҳандисӣ дар контейнерҳо, бунёди инфрасохтори муҳандисии марказҳои коркарди маълумот, кор дар системаҳои муҳандисии биноҳо, эҷоди системаҳои худкори иттилоотӣ-идоракунӣ, ҷорӣ намудани роҳҳалҳои сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро пешниҳод мекунад.

Ҳангоми тарроҳии системаҳои муҳандисӣ ҶДММ «ҶАДИД ИТ» аз фанновариҳои моделсозии пешрафтаи 3D ва CFD истифода мекунад ва ин имкон медиҳад, ки хусусиёти муносиби ҳар як система дар асоси талаботи сарфакории неруи барқ, амалкард ва суботи кори инфрасохтори бунёдшуда ба назар гирифта шавад. Чунин усул арзиши ҳисобҳо ва ҳалли мушкилоти таҳлили муҳандисиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад ва қабули босуръати қарорҳои фаврӣ оиди тарҳрезиро таъмин мекунад.

    Хизматрасониҳои асосӣ ва роҳҳалҳо дар бахши инфрасохтори муҳандисӣ:

  • Системаи сарфакории нерӯи барқ
  • Системаҳои истифодаи гармӣ
  • Роҳҳалҳо дар микротурбинаҳо
  • Таҷҳизоти барқӣ
  • Системаи таъмини мунтазами барқ
  • Шабакаҳои кабелии сохторёфта (ШКС)
  • Вентилятсия, таҳвиякунии ҳаво, саркунии ҳаво, тасфияи ҳаво
  • Системаҳои худкори назорати (диспетчеризатсияи) инфрасохтори муҳандисӣ
  • Системаҳои муҳандисӣ дар контейнерҳо
  • Системаҳои муҳандисии биноҳо
  • Инфрасохтори муҳандисии МКМ