ҶДММ “ҶАДИД ИТ” интегратори системавиест, ки дар бозори технологияҳои иттилоотии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сарфи назар аз он, ки ширкат таърихи тулонӣ дорад ва дар он мутахассисон ва коршиносони баландихтисос бо таҷрибаи зиёди корӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) гирди ҳам омадаанд.
Фаъолиятҳои мо барои таъмини хизматрасониҳо ва кӯмакҳои зерин равона шудааст: машваратҳои ТИ, интегратсияи системавӣ, ТИ-аутсорсинг, таҳияи нармафзорҳо ва барномаҳои замимавии маҷмуӣ.
Ширкат шеваҳои навоваронаи технологияҳои иттилоотиро барои бахшҳои давлатӣ, молиявӣ, телекоммуникатсионӣ ва нақлиёт пешниҳод мекунад.
Фаъолияти ширкат ба татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок дар самти ҷорисозӣ ва рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК), системаҳои амнияти иттилоотӣ, платформаҳои таҷрибавӣ, системаҳо дар асоси тарҳҳои технологии ҷаҳонӣ, инчунин таҷрибаи шарикон-ширкатҳои пешрафтаи бозори ТИ-и ҷаҳонӣ равона шудааст.
Муносибати лоиҳа
Тамаркуз ба эҳтиёҷоти тиҷоратии муштарӣ
Дарки хусусиятҳо ва талаботи бозор
Ҳузур дар бозори IT аз соли 2007
Мақоми баланди ҳамкорӣ
Мутахассисони сертификатдор
Имконияти татбиқи лоиҳаҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон
Ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ҷаҳонии нармафзор ва сахтафзор
Маҷмӯи пурраи хидматҳои IT - аз фурӯши таҷҳизот то дастгирӣ ва хидматрасонӣ